Идомаи сафари кории Пешвои миллат дар Подшоҳии Белгия

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пазироии дӯстона ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Белгия изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ муҳокима карданд.

Бо пуштибонӣ аз иқдомҳои якдигар дар ҳалли масоили глобалии сайёра, таъкид гардид, ки Тоҷикистон номзадии Белгияро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2019-2020 ва Подшоҳии Белгия дар навбати худ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар масоили глобалии об ва иқлим ҷонибдорӣ намуд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодул афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар шаҳри Брюссел Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.

Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо дарназардошти решаҳои умумӣ ва робитаҳои таърихан муқарраршудаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар дохили минтақа афзалият медиҳад.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи Созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикршуда баррасӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии савдоро қабул намуд.

Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.