Шуъбаи Телевизион ва радио

Шӯъбаи телевизион ва радиои МД «Академияи васоити ахбори омма” -и Тоҷикистон фаъолияташро барои бозомузӣ ва такмили ихтиссоси кормандони телевизион ва радио ба роҳ мондааст. Ихтиссосҳои журналист, коргардон, наворбардорон, дизайннерӣ ва рассомӣ, коргардонҳои овоз, муҳандисони танзим ва дигар касбҳо, ки ниёз ба бозомузӣ доранд, дар ин ҷо касбияти худро баланд мебардоранд. Тибқи нақшаи корӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ва мастер-классҳо дар асоси шартнома мутахассисони ҳирфаиро даъват менамоем. Машғулиятҳо ба тарзи назариявӣ дар утоқи дарсӣ ва амалӣ дар студияи телевизион бо истифода аз таҷҳизотҳои наворбардориву танзим гузаронида мешаванд. Шӯъбаи ТВ ва радио барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиоро таҳлил ва тадқиқот карда, андешаҳои худро оиди беҳтар намудани онҳо иброз медоранд. Ҳамзамон барои муайян намудани аудаторияи вокеъии телевизион ва радио дар шаҳру ноҳияҳои кишвар назарсанҷиҳо гузаронида мешавад. Ин назарсанҷиҳо пеш аз ҳама нишон медиҳанд, ки тамошобин нисбати барномаҳои телевизион ва радио чӣ андеша доранд ва дар оянда чӣ гуна онҳоро дидан мехоҳанд. Дар бораи муҳтавои барномаҳо саривақти будани иттилоот ва барномаҳои муаллифӣ фикрҳои худро иброз медоранд. Шӯъбаи телевизион ва радио инро тадқиқот намуда, оид ба ин андешаҳо маводҳои заруриро барои машғулиятҳои омӯзишӣ пешниҳод менамояд.
Шуъбаи телевизион ва радиои МД «Академияи воситаҳои ахбори оммма” – и Тоҷикистон тибқи нақша барои рушди касбияти кормандони соҳаи телевизион ва радио машғулиятҳои назариявию амалӣ доир намуд.
Аввалин дарсе, ки шуъба гузаронид 12. 04 2016 барои кормандони радиоҳои кишвар дар мавзуи “Инъикоси масоили соҳавӣ дар барномаҳои радиоӣ” буд. Давоми як ҳафта иштирокчиёнро устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷовид Муқимов дарс гуфт ва ҳамзамон аз рафти ин машғулият гузоришҳо барои телевизион ва радиоҳо пахш гардид. Иштирокчиён бо Сертификат сарфароз гардонида шуданд

Шарҳҳо пӯшидаанд.