ФАРҶОМИ ДАРС
Имрӯз (09.06.25) ба шунавандагони машғулияти омӯзишии муҳандисони шабакаҳои телевизионӣ сертификат дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои муҳандисони шабакаҳои телевизионӣ, ки дар бахши студияи телевизиони сайёр (ПТС) ва студияҳои дигари телевизионӣ фаъолият менамоянд, машғулияти омӯзиширо баргузор кард.
Машғулияти мазкур аз 02-юм то 09-уми июни соли равон дар толори китобхонаи Академияи ВАО гузаронида шуда, дарсҳои амалии он дар студияҳои телевизиони “Варзиш”, “Футбол” ва студияи сайёри “Телевизиони Душанбе” доир гардиданд.
Машғулиятро ба ҳайси тренер мутахассиси соҳибтаҷриба, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Оқилзода Маъруфҷон роҳбарӣ намуда, аз форматҳои телевизион SD, HD, FULL HD сар карда, то бандубати студияи телевизиони сайёр (ПТС), намудҳои беҳтарини камераҳо, барномаҳои нави бандубасти видео ва мавзуҳои вобастаро дар шакли назариявӣ ва амалӣ гузарониданд.
Дар ҷамъбасти машғулият аз шумораи 21 нафар иштирокдор 17 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО