ПАРДОЗГАРОНРО БА ОМӮЗИШ ФАРО ГИРИФТЕМ
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 14-ум то 18-уми октябри соли равон барои пардозгарони шабакаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Асосҳои пардозгарӣ дар телевизион ва кино” ташкил намуд.
Машғулиятро мутахассиси соҳаи пардозгарӣ (гримёр) Сайёра Ахатова ба таври назариявию амалӣ гузаронида, нозукиҳои ин пешаи айни ҳол заруриро ба шунавандагон меомӯзонад. Дар воқеъ пардозгарӣ як санъати хос буда, дониш ва маҳорати баландро талаб менамояд. Тозагии навор дар телевизион ва кино аз ин касб хеле вобаста аст. Ба ин хотир ороиши мӯй, чеҳра, ҳамоҳангии либосҳо, мутобиқати рангҳо, тағйири рӯй вобаста ба сенария ва ба ин монанд мавзуҳоро мегузаранд.
