ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА ЗАБОНИ МИЛЛӢ

Имрӯз (04.10.24) дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони “Воситаҳои ахбори омма ва забони миллӣ” баргузор гардид.

         Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии Директори Академияи ВАО Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ оғоз ёфта, сараввал ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳният гуфтанд. Қайд гардид, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих бо вуҷуди надоштани давлати мустақил забони худро аз нестшавӣ нигоҳ дошт ва то даме, ки забон пойдор аст, миллат ҳаргиз аз байн намеравад. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд” “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.

         Дар идома намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар Изатулло ба минбар баромада аҳли нишастро ба ин рӯзи муқаддас табрик гуфтанд. Ҳамзамон вобаста ба масъалаи равобити зич доштани забон бо фаъолияти рӯзноманигорон ва ҳамчун воситаи асосии паҳнкунандаи забони беолоиш будани ВАО таъкид намуданд.

         Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ Каримов Назрулло доир ба баъзе мушкилоти имло андешаронӣ намуда, ҷойгоҳи ҳарфҳои Ӯ, Ӣ, Й, Ъ-ро дар матн фаҳмониданд ва таъкид ҳам карданд, ки аз вақти қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.07.1989) мо ба Истиқлолияти забонӣ расидем ва дар замони соҳибистиқлолӣ бо такмил додани он мақоми забони тоҷикиро ба ҳадде боло бурдем, ки ҳатто суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд.

         Профессори ДМТ Мирзоева Моҳира бошад дар мавзуи “Баъзе мулоҳизаҳо доир ба забони ВАО” (дар мисоли як шумораи ҳафтаномаи “Оила”) баромад намуда, мисолҳои ғалати онро бо овардани муродифи дурӯсти онҳо шарҳ доданд. Муаллима Мирзоева Моҳира аз он нигаронӣ карданд, ки дар бисёре аз сарлавҳаҳои матнҳо овардани факту рақамҳо ва дар дохили матн тағйир ёфтани онҳо яке аз мушкилоти матнҳои рӯзноманигорони мо аст. Ҳамчунин аз тарҷумаи нодурӯсти матнҳо, ки бештари онҳо аз забони русӣ аст ва баъзе калимаҳо айнан бо он забон оварда мешаванд, изҳори ташвиш карданд.   

         Дар идомаи суханрониҳо номзади илмҳои филологияи ДМТ Ҳамрохон Дӯстов баромад намуда, доир ба забони шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан БЛОГЕРОН, ки меъёрҳои асосии забони тоҷикиро сарфи назар мекунанд, бо таассуф зикр карданд, ки бояд як сохторе таъсис дода шавад, то аз болои онҳо назодат баранд, зеро навишта ё сухане, ки дар шабакаҳои иҷтимои паҳн мегардад зуд оммавӣ шуда, ҷавонон онро қабул мекунанд.

         Дар ҷамъбасти ҳамоиш Директори Академияи ВАО Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ҳозиринро хуш омадед гуфта, таъкид карданд, ки бузургӣ ва рисолати миллати тоҷик аз таърих то ба имрӯз сухан ва забонамон буд, ҳаст ва хоҳад монд ва мо аз ин ифтихор дорем.

 Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.