МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МУҲАНДИСОН

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тибқи нақшаи корӣ ва барномади давлатии рушди телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ машғулияти омӯзиширо барои муҳандисони шабакаи телевизионии “Бадахшон” баргузор намуд.

Машғулият аз 01 то 05 сентябри соли равон дар телевизиони “Бадахшон” гузаронида шуда, дар анҷом иштирокчиён бо СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки машғулиятро мутахассиси соҳа Мунир Раҳмонқулов ба иштирокчиён мегузаронад.

Дар ҳақиқат машғулияти мазкур барои беҳнамоии техникии як телевизиони дурдасти мо зарур ва саривақтӣ мебошад.

Академияи ВАО

2024

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.