АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СЕНАРИЯНАВИСОН
Давоми 5 рӯз дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо иштироки журналистони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Сенарияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро чӣ гуна бояд эҷод намуд?” гузаронида шуд.
Машғулиятро журналисти соҳибтаҷриба, Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ ба иштирокдорон гузаронд.
Аз иштироки фаъол ва ташаккургӯйиҳои онҳо маълум буд, ки машғулият ба онҳо писанд омадааст ва миннатдории худро ба тренер ва роҳбарияти Академия баён дошта, иброз намуданд, ки гузаронидани чунин машғулиятҳо барои беҳнамоӣ ва пешрафти кори онҳо зарур мебошад.
Дар анҷоми машғулият аз шумораи 24 нафар иштирокдор 15 нафари фаъол ва пешсаф ба гирифтани СЕРТИФИКАТИ Академияи ВАО мушарраф гардиданд.
