ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР ВА ТАШАККУЛИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ ДАР ГУЗОРИШҲОИ ИТТИЛООТӢ

Дар баланд бардоштани сатҳу сифати гузоришҳои барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ истифодаи технологияи муосири замонавӣ нақши калидӣ дорад. Имрӯз барои дар сатҳи баланд таҳия  намудани гузоришҳои, шабакаҳои телевизионӣ  ва радиоӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, ва истифодаи дурусти технологияи навин ҳангоми таҳия намудани барномаҳои иттилоотӣ.  Бояд гуфт, ки дар истифодаи таҷҳизоти муосири замонавӣ нақши мутахассисони дорои таҷрибаи хуб, муҳим буда, маҳз мутахассис метавонад барои пешниҳоди барномаҳои диданӣ мусоидат кунад.

Бо ин мақсад, аз 5  август то 7 август соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои  рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ  трениги навбатии омӯзишӣ дар мавзуи “Журналистикаи муосир ва ташаккули технологияҳои нав дар гузоришҳои иттилоотӣ” баргузор гардид, ки дар он 20 нафар корманди шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ  иштирок карданд.

Трениги   омӯзиширо   рӯзноманигор, наворбардор ва коргардони фаросавӣ  Елена Волошина гузашт. Давоми ин рӯзҳо  кори амалӣ дар шакли  сабти маводҳои видеоӣ, танзими дуруст ва пешниҳоди  барномаҳо талаботи замон  доир гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.