НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
