БЕҲТАРИНҲО ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД
Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Сардори дидбонгоҳи гумруки НБО “Роғун”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ПАРВИЗ ТАҒОЕВ-ро барои иштироки фаъолона дар набардҳои иттилоотӣ ва посдории сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо СИПОСНОМА сарфароз гардонид.
Ёдовар мешавем, ки ПАРВИЗ ТАҒОЕВ ҳамчун корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пуштибонӣ мекунад. Ҳамчунин ӯ соли 2023 дар озмуни байналмилалии “Мутахассиси беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” аз рӯйи номинатсияи корманди давлатӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сазовори ҷойи аввал гардида буд.