ИДОМАИ МАШҒУЛИЯТИ МАҲОРАТИ КОРГАРДОНӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Меҳмони имрӯзаи машғулияти “Маҳорати коргардонӣ дар телевизион” узви Иттифоқи бастакорон ва кинематографистони Русия, дорандаи медали тиллои Иттифоқи композиторони Маскав Толибхон Шаҳидӣ.

Тренери машғулият Ҳалим Сангин дар якҷоягӣ бо Толибхон Шаҳидӣ ба иштирокчиёни дарс аз ҳамбастагии кори коргардонӣ бо оҳангсоз сухан карда, хизматҳои онҳоро, ки пушти парда мемонанд бесамар нахонданд. Дар воқеъ хизмати коргардон ва бастакор дар таҳияи филм ва намошҳои теарриву барномаҳои телевизионӣ аввалиндараҷа буда, то ба намоиш гузоштани асар ва ба дили бинанда роҳ ёфтан он заҳматҳои шабонарӯзиро талаб менамояд.

Идомаи машғулият дар студияи “Телевизиони Синамо” гузаронида шуда, мавзуҳое, ки пештар назариявӣ аз худ карданд, амалан фаҳмонда шуданд.

Дар интиҳо бо рамзи эҳтиром аз тарафи бастакори маъруф Толибхон Шаҳидӣ ба директори Академия Саъдӣ Маҳдӣ ду китоби тозанашр туҳфа гардида, ҳамчунин, роҳбари муассиса Саъдӣ Маҳдӣ ба Толибхон Шаҳидӣ ду китоб тақдим карданд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.