ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАВӢ ДАР САМТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти соҳавӣ дар самти саноат ва технологияҳои нав оғоз гардид. Машғулияти омӯзишӣ аз 15 апрел то 30 апрел бо иштироки васеи кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳои даврӣ гузаронида мешавад.

Машғулиятро устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Миралӣ Изатов ва рӯзноманигори соҳа, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод ба шунавандагон дарс хоҳанд гуфт.

Давоми 14 рӯз иштирокчиёни машғулият мавзуҳои гуногунро вобаста ба соҳаи мазкур аз рӯйи барномаи машғулият, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, меомӯзанд.

Машғулияти мазкур назариявию амалӣ доир гардида, давоми дарс барномаҳо, хабару гузориш ва маводҳои иштирокчиён, ки дар ин самт таҳия шудаанд,  таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки машғулиятҳои соҳавӣ дар Академияи ВАО мунтазам гузаронида шуда, барои 17 соҳа кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳои давриро ба такмил ва ғанигардонии донишҳои соҳавӣ ҷалб менамояд.

Мирзоаминӣ Бахтиёр

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.