ИФТИХОРНОМА
Директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ИФТИХОРНОМАИ Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо сарфароз гардонида шуд.
Ифтихорнома барои хизматҳои софдилона ва саҳми арзанда дар баландбардории нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи матбуот”-и тоҷик тақдим гардид.
Роҳбарияти Академияи воситаҳои ахбори омма миннатдории хешро ба Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷиҳати қадрдони бо Ифтихорнома баён дошта, минбаъд ҳам талошҳои худро барои эътибори Артиши миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дареғ намедорад.