ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ ИТТИЛООТ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ВАО”

Дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Ҳифзи иттилоот ва амнияти итттилоотӣ дар ВАО” оғоз гардид. Машғулият барои кормандони телевизион, радио ва нашрияҳои даврӣ, ки масъули сомонаҳои муассисаҳои худ мебошанд, ташкил шудааст.

 Ба сифати омӯзгор (тренер) номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссисяи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён даъват шуда, аз 26 феврал то 01 марти соли равон ба иштирокдорон нозукиҳо ва нофаҳмиҳои ин соҳаро меомӯзонад.

Давоми 5 рӯз иштирокчиён мавзуҳои амнияти иттилоотӣ чист?, ҳифзи иттилоот дар ВАО, таҳдидҳои иттилоотӣ, усулҳои ҳимояи иттилоот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муҳофизати сомонаҳо, ҷангҳои иттилоотӣ ва мавзуҳои вобастаро дар шакли презентатсия бо мисолҳо, назариявию амалӣ аз худ хоҳанд кард.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.