БА ШУНАВАНДАГОНИ МАШҒУЛИЯТИ “ЭТИКАИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ” СЕРТИФИКАТ ДОДА ШУД

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Этикаи касбии журналист” ҷараён дошт, ки санаи 15 декабр ҷамъбаст гардид.

         Машғулиятро мутахассиси соҳа, мудири кафедраи телевизион ва радиои факултаи журналистикаи ДМТ, дотсент Гулов Сангин Нурович ба иштирокдорон таълим доданд.

         Давоми 5 рӯз омӯзгор паҳлуҳои гуногуни этики касбии журналистро аз ҷумла: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, этика ва қонун, этикаи касбии журналист, масъулияти касбӣ ва иҷтимоии журналист, эҳтироми арзишҳои миллӣ дар ВАО, муносибат бо сарчашмаҳои иттилоъ, этикаи истифодаи воситаҳои техникӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро бо тавзеҳоти пурра ва презентатсияҳо шарҳ доданд.

         Аз иштироки саривақтии шунавандагон маълум буд, ки онҳо бо шавқ ба дарс омада, дар машғулиятҳои амалӣ фаъол буданд. Ҳамчунин дар шакли анкета фикрҳои онҳоро ҷиҳати машғулияти омӯзишӣ ҷамъоварӣ кардем, ки ҳамагӣ аз дарс қаноатманданд.

         Дар анҷоми машғулият ба 11 нафар иштирокчии фаъол сертификати Академияи ВАО супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.