МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “АКСБАРДОРӢ БО ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР” ОҒОЗ ГАРДИД
Санаи 21 ноябри соли равон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Аксбардорӣ бо истифода аз технологияҳои муосир” барои аккосони нашрияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оғоз гардид.
Машғулияти омӯзиширо аксбардори соҳибтаҷриба Абдуразыков Сабир ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида, оид ба таърихи пайдоиш ва истифодаи дурусти дастгоҳҳои суратгирӣ, интихоби макон ва объектҳо ҳангоми аксбардорӣ, истифодаи рушноӣ ва дигар нозукиҳои касби аккосиро маълумот медиҳад.
Дар рафти машғулият иштирокчиён иброз доштанд, ки барои аккоси моҳир шудан диди тоза ва дарки амиқи муҳит нақши муҳим мебозад. Бинобар ин ҳар нафаре, ки аксбардориро ҳамчун касб интихоб мекунад дар баробари таҷҳизоти босифат ҳамзамон бояд дорои завқ, шавқ ва салиқаи хос бошад. Омӯзгор (тренер) дар ҷараёни машғулият бо корҳои амалии иштирокчиён шинос гардида, ба онҳо барои рушди касбияташон маслиҳатҳои муфид медиҳад.

