АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ САМТИ “ЭКОЛОГИЯ ВА ҲИФЗИ ТАБИАТ”

        Дар  Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон”, санаи 3-юми октябр  машғулияти омӯзишии соҳавӣ “Экология ва ҳифзи табиат” барои кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва нашрияҳо.ба анҷом расид. Хотиррасон мекунем, ки машғуляти мазкур аз 18 сентябр оғоз гардида то ин дам идома дошт.

Машғулияти омӯзиширо дотсенти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон , сармуҳаррири маҷаллаи “Инсон ва табиат” Ҷамолиддин Ёқубӣ гузаронид. Омӯзгор ба шунавандагон моҳияти экология ва ҳифзи муҳити зистро дуруст фаҳмонида, инчунин бо шарҳ додани барнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъкид намуд, экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи кишвар ва ҷаҳон мебошад. Омӯзгор инчунин дар ҷараёни машғулият бо истифода аз ролик ва барномаҳои омӯзишӣ, тарз, шеваи инъикос, масъалагузории мавзуъҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зистро ба шунавандагон таълим дод.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.