АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” аз 19 июн то 3 июл машғулияти омӯзишии соҳаи тандурустӣ барои кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо баргузор гардид.

Омӯзгорони соҳибихтисоси соҳа Уроқов Комрон Зокирович – номзади илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва Ҳаётов Рауф Маҳмадович – ассисенти кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назария, истилоҳот, хусусиятҳои илми тиб, дастовардҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустиро ба шунавандагон омӯзиш доданд. Дар машғулият самтҳои асосии соҳаи тиб аз нигоҳи илмӣ ва таҷрибаҳои ҳосилшуда омӯзиш дода шуд. Шунавандагон фаъолона ширкат намуда, мавзуъҳои асосии соҳаи тандурустиро фаро гирифтанд.
Дар анҷом ба 8 нафар сертификати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.