ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА НАШРИЯҲО

Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии соҳаи кишоварзӣ барои кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳо оғоз гардид. Машғулият аз 2 май оғоз шуда, то 19 май идома хоҳад дошт.

   Машғулиятро омӯзгорони собиқадор аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рӯзиев Тӯйчӣ Бадалович –  доктори илми кишоварзӣ, профессори кафедраи зоотехнияи ҷузъии факултети зооинженерӣ ва Ҷабборов Таваккал Ҷалиллович – номзади илми кишоварзӣ, дотсенти кафедраи растанипарварии факултети агрономӣ мегузаранд.

Дар машғулият тибқи барномаи тасдиқшудаи Академия шунавандагон мавзуъ ва масъалаҳои асосии соҳаи кишоварзиро фаро мегиранд. Аз ҷумла мавзуҳои сиёсати давлатдорӣ дар беҳдошти ҳолати замин аз эрозия ва вайроншавӣ, хокшиносӣ, истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ ва зироатпарварӣ, паРрандапарварӣ, чорвопарварӣ, истифодаи генофонд дар селексия, назорати давлатии бойторӣ ва ғайраҳоро фаро хоҳанд гирифт.

  Инъикоси дастовардҳои кишоварзии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма яке аз вазифаҳои муҳими кормандони шабакаҳои телевизион ва радио ба ҳисоб меравад. Барои ба таври касбӣ инъикос намудани дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ зарурати он аст, ки рӯзноманигорон назария, мафҳумҳои асосӣ ва маълумоти умумии назариявии соҳаро касб кунанд. Машғулияти мазкур ба ҳадафи такмил додани донишҳои тахассусӣ ва назариявии кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳо оид ба соҳаи кишоварзӣ ташкил шудааст.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.