АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ “СОЗМОНДИҲӢ ВА МУДИРИЯТИ СОМОНАҲО ДАР ВАО”

Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Созмондиҳӣ ва мудирияти сомонаҳо дар ВАО” барои кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо аз таърихи 24 то 28 апрел сурат гирифт.

Рустам Гулов – мутахассиси соҳибтаҷриба усули тарроҳии сомона ва мудирияти онро бо истифода аз технологияи муосир ба иштирокчиён омӯзиш дод. Дар машғулият иштирокчиён бо элементҳои асосии мудирияти сомона шинос шуданд. Дар ҷараёни машғулият мутахассис ҷузъиёти асосии кор бо барномаи вордпресс, салавҳагузорӣ, ҷалби хонанда ва дигар нозукиҳои кори сомонаро фаҳмонд. Иштирокчиён бо суоли ҷавоб мушкили кори сомонаҳо ва роҳҳои ҳалли онро ба миён гузоштанд ва мутахассис бо мисолҳои амалӣ усули рафъи мушкилотро шарҳ дод.

Дар анҷоми машғулият ба 13 нафар иштирокчиёни машғулият сертификати муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.