14 НАФАР КУРСИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ВАРЗИШРО ХАТМ НАМУДАНД
Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” аз таърихи 3 то 20 апрел машғулияти омӯзишии соҳаи сайёҳӣ ва варзиш баргузор гардид. Дар машғулият 14 нафар кормандони шабкаҳои телевизион ва радио ширкат доштанд.
Машғулияти мазкурро ду нафар устодони ботаҷрибаи соҳа Алиф Шариф ва Ҷамшед Ёров гузаронданд. Дар бахши соҳаи варзиш омӯзгори ботаҷриба Алӣ Шариф таърихи ташаккули журналистикаи варзишӣ, омода намудани барномаҳои варзишӣ, шеваҳои нави таҳияи барномаҳои варзишӣ, истифодаи метод ва усулҳои нав дар кори таҳияи барномаҳои мустақими варзиширо ба шунавандагон омӯзонд.
Дар бахши сайёҳӣ бошад, омӯзгори соҳибтаҷриба, дотсент Ҷамшед Ёров оид ба таърихи инкишофи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, назарияҳои умумии роиҷ дар соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои рушди сайёҳиро омӯзонд. Мавсуф усулҳои асосии таҳия ва пахши барномаҳои соҳаи сайёҳӣ дар телевизион ва радиоро ба иштирокчиён омӯзиш гузаронд.
Дар анҷом ба 14 нафар иштирокчиёни машғулият Сертификати муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” дода шуд.















