ИДОМАИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ВАРЗИШ
Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО -и Тоҷикистон” барои кормандони шабакаҳои телевизион ва радиоӣ аз 3 то 20 апрел машғулияти омӯзишии соҳавӣ дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва варзиш” оғоз карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта машғулияти соҳаи варзишро омӯзгори соҳибтаҷриба Алӣ Шариф доир намуд.
Бахши дигар машғулияти омӯзишӣ соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки омӯзгори соҳибтаҷриба дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёров Ҷамшед таърихи ба вуҷудоӣ, мафҳум ва моҳияти соҳави сайёҳӣ, ҳамчунин шеваҳои инъикоси масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳиро омӯзиш хоҳанд гузаронд. Бояд қайд намуд, ки дар оғози машғулият омӯзгор ба шарҳи мафҳумҳои асосии соҳаи сайёҳӣ пардохта, доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули соҳа маълумот ироа намуд. Иштирокчиён дар идома тамоми паҳлуҳои соҳаи сайёҳиро фаро хоҳанд гирифт.




