МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

5 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду давлатро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.

Ҷиҳати таъмиқу тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки бар пояи мустаҳками дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар асос ёфтаанд, самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро самимона хайрамақдам гуфта, ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ таъкид намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкории ду мамлакат такони тоза хоҳад бахшид.

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.