КОРМАНДОНИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН СОҲАИ САЁҲӢ ВА ВАРЗИШРО МЕОМӮЗАНД

Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои кормандони телевизион ва радио дар мавзуи фарогирии соҳаи сайёҳӣ ва варзиш оғоз гардид.Дарсро 2 нафар устод мегузаранд. Дар соҳаи варзиш мутахассиси ботаҷриба Алӣ Шариф ва дар соҳаи сайёҳӣ бошад, устоди факултети молияи ДМТ, мутахассиси соҳаи сайёҳӣ, дотсентҶамшед Ёров даъват шудаанд.Омӯзиши соҳаи сайёҳӣ ва варзиш барои кормандони шабакаҳои телевизион ва радио як амри муҳим ба шумор меравад, зеро дар Тоҷикистон ин ду соҳа дар ибтидои ташаккул қарор доранд. Дар машғулияти мазкур мутахассис Алӣ Шариф усул ва назокатҳои бозтоби мавзуъ ва масъалаҳои соҳаи варзишро ба иштирокчиён омӯзиш хоҳад дод. Мавсуф, ки таҷрибаи тӯлонии фаъолият дар бахши журналистикаи варзиширо дорад, бо истифода аз таҷриба ва дастовардҳои соҳа муҳимтарин масъалаҳои фаъолият дар бахши варзишро омӯзиш хоҳад дод. Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои соҳавӣ мебошад ва аз ин рӯ оғози машғулияти соҳаи сайёҳӣ ва варзиши идомаи барномаи таълимии муассиса мебошад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.