ИФТИТОҲИ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР ГУЛИСТОН

Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти фабрикаи парандпарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.

Фарибкаи мазкур дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми статегӣ – санатикунонии босуръати кишвар  аз ҷониби  соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов сохта шуда, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхона бо 4 иншооти парандапарварӣ бо усули бройлерӣ муҷаҳаз шуда, дар сохтани он аз таҷҳизот ва технологияи муосири соҳа дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ истифода шудааст.

Дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор пардандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Иқтидори фабрика дар як марҳилаи истеҳсолӣ 100 тона ва дар як сол 400 – 500 тонна гӯшти парҳезӣ мебошад.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, танзими ҳарорати дохили мурғхонаҳо, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо, иҷрои қоидаҳои зооветеринарӣ, санитариву беҳдоштӣ тавассути технологияи компютерӣ ва усули пешрафта амалӣ карда мешавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.