ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Идома

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.