МАШҒУЛИЯТИ “МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ: ИМКОНИЯТ ВА ВОҚЕИЯТ” ОҒОЗ ГАРДИД
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Матбуоти маҳаллӣ: имконият ва воқеият” бо иштироки Бахтиёр Ҳамдамов, рӯзноманигори соҳибтаҷриба ва устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Турсунзода барои сармуҳаррирони нашрияҳои соҳавӣ ва маҳаллӣ оғоз гардид.
Бахтиёр Ҳамдамов собиқадори соҳа дар машғулияти мазкур оид ба таърихи ташаккул, таҳаввул ва роҳу усулҳои фаъолияти матбуоти маҳаллӣ ба иштирокчиён омӯзиш хоҳад гузаронд.
Бахтиёр Ҳамдамов қайд намуд, ки имрӯз омилҳои зиёде вуҷуд дорад, ки боиси коҳиши теъдоди матбуоти коғазӣ шудаанд ва ин омилҳо ба матбуоти маҳаллӣ низ бетаъсир нест. Ба андеши мавсуф дар чунин шароит масъулини нашрияҳо бояд аз шева ва усулҳои таъсирбахши муосир кор гиранд, ки боиси афзоиши этимоди хонанда ва зиёд шудани хонанда гардад. Агар шева ва усули рӯзноманигорӣ мутобиқ бо трендҳои нави рӯзноманигорӣ ба роҳ монда нашавад, эҳтимол ҷойгоҳ ва мақоми матбуоти коғазӣ дар ҷомеа пойин рафта, оҳиста- оҳиста аудиторияи он кам мешавад. Омили дигаре, ки ишора шуд, он аст, ки имрӯз муҳтаво ва моҳияти нашрияҳо якранг шуда ва ин боиси дилсардӣ ва кам шудани теъдоди хонандагон гардидааст. Барои гуногунрангӣ ва афзоиши теъдоди хонандагон бояд ба сабки ривоятии нигориш гузашт, ки барои ҷалби хонанда нақши муҳим иҷро менамояд.
Омӯзгори машғулият аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Чин ва нашрияҳои маҳаллии онҳо мисол оварда, таъкид намуд, ки рӯзноманигорони чинӣ барои таъсиргузории бештар аз нақли ривоятӣ дар матлабҳои худ истифода мекунанд, ки натиҷаи он афзоиши эътимоди хонандагон будааст.
Ёдовар мешавем, ки машғулияти омӯзишӣ давоми ҳафтаи равон идома меёбад ва иштирокчиён аз назарияву таърихи ташаккул ва усулҳои муосири мудирияти нашрияҳои маҳаллӣ огоҳ хоҳанд шуд.






