Роҳбарият
Директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”
Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ (Исматов Саъдӣ Маҳдиевич) 9 июли 1967 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1990), фаъолияташро ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии Кӯлоб оғоз кардааст. Солҳои 1994—1997 аспиранти ДДМТ, 1997—2001 муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2001—2008 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДМТ, 2008—2012 директори маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ, 2012—2016 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ буд. Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи марти соли 2021 декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаолият намудааст. Аз 5 -уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъин гардид.
Муаллифи 1 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ, 2 маҷмўаи мақолот, 6 дастури методӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2012), Аълочии маориф (2020) мебошад. Хабарнигори мардумии рўзномаи «СССР» аст. Ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм (2014) сазовор дониста шудааст. Соли 2023 ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардид.
Осори илмӣ:
Тоҷандар «Шоҳнома». – Душанбе: Деваштич, 2009. – 166 с. (монография); Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултаҳои физика ва риёзӣ) – шариктаълиф Қурбонов С.). Душанбе: Эр-граф, 2010. – 150 с.;
Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ ба тоҷикӣ (шарикт. Кабиров Ш., Қурбонов С.). – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 96 с;
Калимаҳои ташдиддор. (шарикт. Қурбонов С., Ҷўраева Б.) – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 60 с.
33 мақола (маҷмўаи мақолот). Душанбе:Баҳманрўд, 2011, 199 с.
Сирри рақамҳо (шарикт. Қурбонов С.). Душанбе: Баҳманрўд, 2012. – 40 с.
Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои факултаҳои физика ва риёзӣ) – шариктаълиф Қурбонов С.), Душанбе: Баҳманрўд, 2014. – 242 с.
Ормонҳои миллии ман. Душанбе: Баҳманрўд, 2015, 203 с.
Муовини Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”
Каримзода Ҳақназар Изатулло аз таърихи 4 июни соли 2025 ба тариқи гузариш ба вазифаи муовини директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба тариқи шартномаи меҳнатӣ бо музди моҳонаи меҳнат мувофиқи ҷадвали корбаст таъйин карда шавад.
Шарҳҳо пӯшидаанд.