ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ФАРХОРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАШРИФ ОВАРДАНД
Субҳи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадр — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо самимияти хос истиқбол гирифтанд.
19 октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ «Маркази ташхисиву табобатии Ориёно» дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Мавриди таъкид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо шинос мешаванд.
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар ноҳияи Фархор дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва ғамхориҳо нисбат ба ятимон дар баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавононе, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим шуданд.
Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари инсондӯсту ятимпарвари хеш туҳфаҳои арзишманду хотирмон гирифтанд. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд ва онҳо зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.
Зимни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таҷҳизоти видеоӣ — онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода супориданд. Сардорони дидбонгоҳҳо аз омодагии ҳайати шахсӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар маҷмуъ дар ин рӯз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё шуд.
Дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мутобиқ ба талабот барои афсарону сарбозон шароит мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, толорҳои барҳаво барои хоб, ошхона бо таҷҳизоти зарурӣ, китобхона, буғхона ва дигар имконият барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генарали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо истифода аз шароити мавҷуда ба иҷрои пурраи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ ҳидоят намуданд.