МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ “ХАБАРРО ЧӢ ГУНА БОЯД СОХТ” ОҒОЗ ШУД
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Хабарро чӣ гуна бояд сохт” барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оғоз гардид.
Омӯзгори машғулият муовини раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа Ҳакимзода Абдумаҷид дар машғулият асосҳои назариявӣ ва амалии усули навиштани хабар ва сохтории жанрии онро ба шунавандагон омӯзиш медиҳад. Сайри таърихии пайдоиши телевизион, пайдоиши телевизиони Тоҷикистон, шакл ва фарогирии телевизион дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳаввулоти жанрҳо, жанрҳои хабарӣ дар матбуот ва телевизион мавзуъҳои меҳварии машғулияти омӯзишӣ мебошад ва шунавандагон онро фаро хоҳанд гирифт.
Хабар яке аз жанрҳои серистеъмол дар воситаҳои ахбори омма аст ва аз ин ҷиҳат фарогирии меъёр ва принсипҳои хабарнависӣ барои такмили тахассуси кормандони ВАО нақши муҳим дорад. Бинобар ин, дар машғулияти омӯзишии мазкур, меъёрҳо ва сохтори жанри хабар ба шакли муфассал омӯзиш дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки машғулияти мазкур аз 02 октябр то 06 октябр идома хоҳад дошт.



