ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО
Имрӯз (06.03.2024) дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бахшида ба “Рӯзи матбуот”-и тоҷик бо иштироки васеи кормандони соҳа баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ “Воситаҳои ахбори омма: дирӯз ва имрӯз” номгузорӣ шуда, аз таърихи пайдоиши аввалин рӯзномаи сирф тоҷикӣ “Бухорои Шариф” то имрӯзи матбуот таҳлилу баррасӣ шуд.
Нахуст Директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ҳамоишро оғоз намуда, иштирокчиёнро бахшида ба “Рӯзи матбуот” табрику муборакбод намуд. Пасон намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар Изатулло атрофи мавзуи марбута сухан карда, дар анҷом аз номи Раиси кумита ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ муборакбодӣ намуд. Сипас аз ҷониби сардори Маркази таҳсилот ва иноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Атозода Муҳаммадиқбол маърӯзаи муфассал ва пурмуҳтавое пиромуни нашрияи “Бухорои Шариф” ва пажуҳишҳо атрофи он” карда шуд.
Ҳамин тавр Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатулло, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Абдулло Далер Абдулло ва устоди факултаи журналистикаи ДМТ Гулов Сангин баромад намуда, ақидаҳои худро барои пойдорӣ ва қудрати матбуот баён доштанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки иштирокчиён ва он донишҷӯёне, ки аз факултетҳои журналистикаи ДМТ, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ширкат доштанд, бо ғизои маънавӣ ва маълумоти бештаре атрофи таърих ва имрӯзи матбуот аз толор берун шуданд. Бахтиёр Мирзоаминӣ