МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФИФА ВА ПРЕЗИДЕНТИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ (АФК)

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла мавзӯъҳои мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвари мо, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумат ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.

Аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё изҳори қаноатмандӣ карда шуд. 

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.