ТАКМИЛИ ДОНИШҲОИ КОРМАНДОНИ ВАО РӮ БА ИНКИШОФ АСТ
(Ё чанд андеша оид ба солгарди таъсисёбии Академияи ВАО-и Тоҷикистон)
Шароити ҷаҳони муосир ва раванди марҳилаҳои мураккаби замон аз ҳар нафар тақозои онро менамояд, ки агар аз навгониҳои рӯзу дарки олами ҳастӣ ба таври доимӣ огоҳ набошад, ҳамқадами ҷомеа нахоҳад шуд. Болотар аз ин асри равон, ки дар тамаддуни инсоният дигаргуниҳои зиёдеро ворид сохтаву месозад, мавқеи воситаҳои ахбори оммаро дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳон торафт фаъолтару муҳимтар мегардонад.
Дуруст аст, ки дастрасӣ ба иттилооти муҳиму зарурӣ имрӯзҳо хеле осону содда шудааст, ки ин албатта агар аз як тараф кори рўзноманигорро осон кунад аз ҷониби дигар мавқеъ, нақш, ва масъулияти журналистро дучанду даҳчанд менамояд. Ин нуктаро рўзноманигор ва коршиноси маъруфи соҳа, Дебора Поттер чунин шарҳ медиҳад: “Дар ҷаҳони мураккаби мо, ки иттилоот дигар моли камёфт нест, нақши журналист беш аз ҳарвақта муҳим аст.” Зикри чунин масоили умдаи ҷомеа, ки имрўзҳо боиси нигаронии зиёд гардидаасту дар баррасии мавзуоти ҷойдошта, шояд барои хонанда бегонатар намояд, аҷобате надорад, зеро агар амиқтар андеша намоем, таҳдоби яке бо дигаре иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар ин ҷода табиати инсонӣ ба таври ғайриихтиёр водор ба он месозад, ки агар аз ҷое талаботаш қонеъ нагардад, рў меоварад ба сўи дигар. Дар заминаи ин ва чанд масоли умдаи ҷомеаи муосир санаи 20-уми феврали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеъи намояндагони васоити оммаи давлатӣ мулоқот карда, дар робита ба нақшу мавқеи онҳо, таъкид намуданд, ки: “Намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон, огоҳ созанд”.
Ногуфта намонад, ки рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа, метавонанд дар ҳалли бештари мушкилоти ҷойдошта нақши муассир гузоранд. Дар заминаи омилҳои зикргардида ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии кормандони телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин тарғиби боз ҳам бештари арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, моҳи марти соли 2016 бо ҳузури Пешвои муаззами миллат Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» фаъолияташ оғоз гардид. Дар ин давра Академия корҳои зиёдеро ба иҷро расонида, баҳри такмили донишҳои кормандони соҳа, омўзиши афкори омма ва баргузор намудани як қатор ҳамоишу конфронсҳои муҳим нақши намоён гузошт. Махсусан давоми ду соли охир ҷараёни баргузории машғулиятҳои омўзишӣ бо ҳузури олимону устодон ва коршиносони сатҳи олӣ ба беҳбудии кори муассиса заминаҳои мусоиду устувор гузошт.
Яке аз самтҳои кори МД “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” таҳия барнома ва дастурамалҳои омӯзишӣ барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани машғулиятҳои амалӣ мебошад. Бо ин далел соли равон академия аввалин маротиба барномаҳои такмили ихтисосро дар шакли китоби алоҳида таҳия намуд, ки бо имзо ва муҳри Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио рӯи чоп омаданд.
Дар давоми сол дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо устодону олимони муассисаҳои олии таълимии кишвар 17 барномаи таълимӣ барои журналистони соҳавӣ омода карда шуданд. Илова бар ин, то ин давра Академия дар баробари таҳияи барномаву дастурамалҳои соҳавӣ маҷмуи мақолаҳои олимону коршиносонро китобат карда, бо номҳои «Воситаҳои ахбори омма ва ташаккули давлатдории миллӣ» ва «Пулитсистика ва баъзе масъалаҳои он» манзури хонандагон гардонид.
Албатта иҷрои чунин иқдому ибтикороти кормандони муассиса пеш аз ҳама дар амалинамоии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва инчунин татбиқи нақшаву рисолати фаъолият нақши муассиру назаррас хоҳад гузошт.
Каримзода Ҳақназар Изатулло,
муовини директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон