ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ЛОИҲАИ “ТАҶДИДИ ҚИТЪАИ “ҚИЗИЛ-ҚАЛЪАИ БОХТАР” ШИНОС ШУДАНД

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахусус раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Анҷоми тадбирҳои роҳсозӣ дар марҳилаи якум ва дуюм хеле хуб ба мушоҳида расида, сокинони вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони тавассути ин роҳ сафаркунанда аз он истифода ва баҳрабардорӣ карда истодаанд.

Акнун дар марҳилаи навбатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” бо назардошти васеъкунии роҳ он дар чор хати ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.