МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАСҶИДИ ҶОМЕИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ ДАВЛАТИИ АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.