БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ГИДРОАГРЕГАТИ РАҚАМИ 1-И НБО-И “САРБАНД” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, гидроагрегати рақами 1-и ин иншооти муҳими энергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.

Гидроагрегати рақами 1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунадаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд. 

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.