МУСОҲИБА БО ХАБАРНИГОРОНИ АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ҚАТАР
8 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба саволҳои хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар ҷавоб доданд.
Хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суолҳо оид ба натиҷаҳои сафари давлатии Амири Давлати Қатар, рушди муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин соҳаҳои калидии ҳамкориҳо, муроҷиат карда посухҳои амиқ гирифтанд.
Дар рафти мусоҳиба назари умумии ҷониби Тоҷикистон нисбати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳимтарин масъалаҳои глобалии сайёра, аз қабили норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлиму пайомадҳои он ва ҳифзи пиряхҳо иброз гардид.
Мавриди зикр аст, ки тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои об, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.
– Солҳои охир муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас рушд мекунанд ва дар оғоз, сафари Амири Давлати Қатарро ба кишваратон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар аҳаммияти хосса зоҳир менамояд. Мо ба сатҳу раванди рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Давлати Қатар ва дурнамои онҳо, ки ба арзишҳои муштараки тамаддунӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.
Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки сафари давлатии Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон ба тақвияти боз ҳам бештари маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ мусоидати муассир намуда, онҳоро бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гардонид.
Нахуст қайд карданиам, ки ҳангоми сафари Волоҳазрат мо ният дорем дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Масҷиди ҷомеи замонавиро, ки бо дастгириву кумаки кишвари дӯст бунёд ёфтааст, расман ифтитоҳ намоем.
Мо сафари кунунии ҳайати воломақоми Давлати Қатарро ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи доимии байнидавлатии ду кишвар арзёбӣ менамоем.
Музокироти сатҳи олии соли 2007 дар Душанбе, соли 2017 дар Давҳа зимни сафари давлатии инҷониб ба Давлати Қатар ва соли 2019 дар Душанбе дар чорчӯби боздиди бародари гиромӣ Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз Тоҷикистон баёнгари сатҳи олии робитаҳои сиёсии кишварҳо мебошанд, ки дар пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар нақши калидӣ доштанд.
Маҷмӯи санадҳои нави дуҷонибае, ки дар ҳошияи сафари Амири Давлати Қатар ба имзо мерасанд, бешубҳа, асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои моро тақвият медиҳанд.
– Ин сафар барои рушди муносибатҳо ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун чӣ аҳаммият дорад?
Мо алоқаманди рушду густариши минбаъдаи робитаҳои байни ду кишвар дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Бар ин боварем, ки натиҷаҳои музокироти мо омили муҳими пешбурди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ хоҳанд гардид.
Қобили зикр аст, ки дар самтҳои шарикии зикргардида, инчунин дар соҳаҳои энергетика, бонкдорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳарду кишвар имкониятҳои васеи ҳанӯз истифоданашуда доранд ва татбиқи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони мо мебошад.
Ин соҳаҳоро мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо ҷониби Қатар медонем ва аз ҳузури фаъоли сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишвари дӯст, аз ҷумла дар таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, истиқбол менамоем.