ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА НАШРИЯҲО
Дар Муассиси давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии соҳаи тандурустӣ барои кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо оғоз гардид.
Дар машғулияти омӯзишии соҳавӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба Уроқов Комрон Зокирович – номзади илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Ҳаётов Рауф Маҳмадович – ассисенти кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон назария, истилоҳот ва масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ, ҳамчунин усулҳои инъикоси дастовардҳову мушкилоти соҳаи тандурустиро ба шунавандагон омӯзиш медиҳанд.
Инъикоси дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳаи тандурустӣ, ба вижа муаррифии барнома, санадҳои қабулшуда, огоҳ намудани мардум аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин соҳа яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма мебошад. Барои таҳияи барнома ва таҳлилу баррасии соҳаи мазкур кормандони ВАО бояд бо донишҳои тахассусӣ мусаллаҳ бошанд ва дар вақти таҳияи барномаву гузоришҳои хабарӣ ба шакли меъёрӣ ва касбӣ амал намоянд. Ҳадаф аз ташкили машғулияти соҳаи тандурустӣ ин аст, ки кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо назария, истилоҳот ва асосҳои соҳаи тандурустиро фаро гирифта, дониши тахассусии худро такмил диҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки шунавандагон дар машғулияти мазкур барнома, консепсия, созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи тандурустӣ, санад ва зерсанадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи тандурустӣ, назорати давлатӣ дар самти санитарӣ-эпидемиологияи ҷомеа, масъалаҳои имунизатсия ва солимгардонии аҳолӣ, мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ-СПИД, бемориҳои саратонӣ ва усулҳои табобату пешгирии он, солимгардонии репродуктивӣ ва дигар нозукиҳои соҳаи тандурустиро фаро хоҳанд гирифт.







