ОМӮЗИШИ МУЛТИМЕДИА ДАР СОМОНАҲО ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» машғулияти омӯзишии «Мултимедиа дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ» барои кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо ҷараён дорад.
Ҷовид Муқим, профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон усул ва истифодаи маводҳои мултимедионӣ дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро омӯзиш медиҳад. Иштирокчиён аз усулҳои таҳияи маводи мултимедионӣ, аз ҷумла истифодаи матн, акс, навор ва интишори он дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мегарданд. Омӯзиши нозукиҳои усули интихоби кадрҳо ва мувофиқати он бо муҳтавои матнӣ низ бо усули истифодаи маводи мултимедионӣ дар гузоришҳои хабарӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ҷаҳони муосир барои рақобатпазир шудан воситаҳои ахбори омма аз трендҳои нави журналистӣ барои ҷалби аудитория ва таъсиргузорӣ дар фазои иттилоотӣ истифода мекунанд. Бо ин далел, фаъолияти сомонаҳои васоити ахбори оммаро бидуни маводҳои мултимедионӣ тасаввур намудан аз имкон берун аст. Ташкили машғулияти омӯзишии «Мултимедиа дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ» имкон медиҳад, ки шунавандагон усулҳои таҳия ва нашри маводҳои мултимедиониро фаро гирифта, дар амал татбиқ намоянд.





