АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ХАБАРРО ЧӢ ГУНА БОЯД СОХТ?”

Дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Хабарро чӣ гуна бояд сохт?” ҷараён дошт, ки санаи 06 октябри соли 2023 ҷамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки ин машғулият давоми панҷ рӯз идома дошт.

         Машғулияти омӯзиширо Корманди шоистаи Тоҷикистон, Узви Академияи телевизион ва радиои Авру-Осиё, Мушовири раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон ба шунавандагон таълим доданд.

         Омӯзгор (тренер) аз таърихи пайдоиши телевизион дар ҷаҳон, пайдоиши телевизиони Тоҷикистон, жанрҳои журналистика, жанрҳои хабарӣ: хабар, мусоҳиба, мушоҳида, тадқиқот, таҳрири мавод, ҳамчунин репортаж, интернет-журналистика ва тарзи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро омӯзонданд.

         Дар анҷоми машғулият ба 10 нафар иштирокчии фаъол сертификати Академияи ВАО супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.