ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СОҲАИ ИҚТИСОД ДАР САМТИ НИЗОМИ БОНКӢ
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии соҳаи иқтисод дар самти низоми бонкӣ аз 23 октябри соли ҷорӣ оғоз гардид.
Машғулияти мазкурро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кори бонкии ДМТ Қодиров А. В. ба кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ таълим медиҳад. Омӯзгор аз оғози машғулият тибқи барномаи тасдиқгардида амал намуда, низоми бонкӣ, ташкили ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, намудҳои амалкунандаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохпазирии бонки тиҷоратӣ ва идоракунии он ва ҳамаи паҳлуҳои кори бонкиро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Ҳамчунин дар рафти машғулият барномаҳо, гузоришҳо ва матнҳои таҳиянамудаи шунавандагон таҳлилу баррасӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки машғулияти омӯзишии соҳавӣ дар шакли назариявию амалӣ доир гардида, саволу ҷавоб, баҳсҳо ва таҳлилҳоро низ дарбар мегирад.

