КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО УСУЛ ВА МУДИРИЯТИ СОМОНАҲОРО МЕОМӮЗАНД

Машғулияти омӯзишии “Созмондиҳӣ ва мудирияти сомонаҳо дар ВАО” дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” бо иштироки масъулони сомонаҳои шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳо оғоз гардид.

Иброҳим Аҳмад – котиби матбуоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намудани машғулияти мазкурро барои боло бурдани савия ва маҳорати масъулини сомонаҳо амри муҳим гуфт ва таъкид намуд, ки дар шароити пуртазод ва шиддат гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ сомонаҳои шабакаҳои телевизион ва радио дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд фаъол бошанд ва аудиторияи худро пайдо намоянд.

Машғулиятро омӯзгори соҳибтаҷрибаи соҳа Рустам Гулов аз 24   то 28 апрел мегузарад. Дар ин машғулият иштирокчиён бо шеваҳои ташкили сомона, мудирияти техникии он ва усулҳои ҷалби аудитория ошно хоҳанд шуд. Мавсуф дар оғози машғулият элементҳои асосии кор дар сомонаҳоро шарҳ дода, бо истифода усулҳои нави техникӣ  шеваи беҳтари мудирияти техникии сомонаҳоро омӯзиш дод. Ӯ бо истифода аз барномаи вордпррес, ки аксари сомонаҳо бо он сохта шудаанд, тарзи салавҳагузорӣ, аксгузорӣ, ороиши сомона ва ғайраро омӯзиш дод. Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо дигар элементҳои мудирияти сомона ошно мешаванд ва ҳамчунин шеваҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби аудитория омӯзиш дода мешавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.