МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ “НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ: ИМКОНИЯТ ВА ВОҚЕИЯТ” ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” барои сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд машғулияти омӯзишии “Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият” –ро доир намуд ва шунавандагон усулу меъёрҳои раҳбарӣ ва мудирияти нашарияҳои маҳаллиро омӯхтанд .

Омӯзгори соҳибтаҷрибаи соҳаи рӯзноманигорӣ Ҷамолов Илҳом ба шунавандагон таърихи пайдоиш ва ташаккули нашрияҳои маҳаллӣ, равишҳои ҷалби аудитория ва таъсигузорӣ ба афкори омма, усули фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ ва дигар меъёрҳои фаъолияти нашрияҳои маҳаллиро омӯзиш гузаронд. Ҳамчунин, шунавандагони машғулият масъалаҳои назариявии фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ, қонунҳои марбут ба соҳаи рӯзноманигорӣ, принсипҳои умумии фаъолияти нашрияҳо, шеваи матннависӣ ва корбурди жанрҳои публитсистӣ, риояи меъёрҳои касбӣ ва дигар нозукиҳои фаъолияти касбии журналистиро фаро гирифтанд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки нашрияҳои маҳаллӣ нақши бисёр муҳим дар фазои иттилоотии минтақа доранд ва барои пур намудани фазои холии иттилотии минтақа саҳми назаррас мегузоранд ва омӯзиши рӯзноманигорон метавонад таъсири натиҷабахш дар фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ гузорад.

Дар анҷоми машғулият ба 15 нафар сертификати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.