ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон пайи ҳам омад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар ду санаи муҳимро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бо гиромидошту арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои миллиамон истиқбол мегиранд.

Дар шароит ва муҳити сулҳу оромӣ озодона таҷлил гардидани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва ба ҷо овардани ойину анъанаҳои динӣ самараи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо бояд аз ин неъмати бузург сидқан шукргузор бошем.

Мардуми мо ба дини мубини ислом ҳамчун сарчашмаи поку беолоиши ахлоқиву маънавӣ эҳтиром мегузоранд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи озодии виҷдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то имрӯз барои адои фарзиёти исломии мардум тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст.

Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд ва расман ифтитоҳ гардидани масҷиди ҷомеъ, ки чанд рӯз пештар сурат гирифт ва бо номи асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам номгузорӣ гардид, аз ҷумлаи ҳамин иқдомот мебошад.

Бояд гуфт, ки моҳияти иди Қурбон – яке аз суннатҳои эътиқодии мардуми мо аз хайру саховат, дӯстиву муҳаббат ва дастгирии байниҳамдигарии инсонҳо ҳамчун омили саодати зиндагии ҷомеа иборат мебошад.

Яъне ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як шахс бояд онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, аз ҷумла дар айёми ид эҳтиром ва риоя намояд.

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.