АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ МУЛТИМЕДИА ДАР СОМОНАҲО ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Аз 12 то 16 июн дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии “Мултимедиа дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ” барои кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо доир гардид.
Омӯзгори соҳибтаҷриба дар самти омӯзиши мултимедиа, профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таърихи пайдоиши маводҳои мултимедионӣ дар ВАО, таҳия ва нашри маводҳои мултимедионӣ, истифодаи унсурҳои мултимедионӣ дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ, корбурди видео, акс, матн дар маводи мултимедионӣ ба шунавандагон омӯзиш гузаронд. Омӯзиши усулҳои наворбардорӣ, аксбардорӣ, матннависӣ ва дигар унсурҳои муҳими мултимедиа ва ҳамчунин фарогирии барномаҳои таҳия ва танзими навору акс ва матн аз мавзуҳои асосии машғулияти амалӣ буд.
Шунавандагони машғулият бо истифода аз воситаҳои техникӣ машғулияти амалӣ низ гузаронида, маводҳои мелтимедионӣ омода намуданд. Ёдовар мешавем, ки шунавандагон бо қаноатмандӣ ташкили чунин машғулиятҳоро хуш пазируфтанд ва таъкид намуданд, ки ташкили чунин машғулиятҳо боиси афзоиши сатҳи касбияти кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар машғулият 20 нафар аз шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва нашрияҳо иштирок намуданд ва дар охир ба 13 нафар барои иштироки фаъолона сертификати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” супорида шуд.











