ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 16-УМИН ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА ТАШАККУЛИ ВАО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”

Санаи 17 ноябр дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бахшида ба 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз ва ташаккули ВАО дар замони истиқлол” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид, ноиби  президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, Директори Телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода ва як қатор кормандони зерсохторҳои Кумита, инчунин донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои олии кишвар ҳузур доштанд.

Ҳамоишро нахуст Директори Академия, номзади илмҳои филология Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ оғоз намуда, дар бораи ташаккули воситаҳои ахбори омма дар замони истиқлол сухан гуфт. Сипас паи ҳам Раиси Кумитаи ТВ ва радио Саид Нуриддин Саид, ноиби  президенти АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон ва Директори Телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода аз таърихи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон сухан гуфтанд ва дар ҳақиқат тақдирсоз буданашро исбот карданд.

Ҳамчунин дар охири ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯён саволҳо пешниҳод шуда, аз тарафи Раиси Кумита посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.