САФАРИ ОМӮЗИШИИ ШУНАВАНДАГОНИ МАШҒУЛИЯТИ “ЭКОЛОГИЯ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ” БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Барои анҷоми қисмати амалии машғулияти омӯзишии “Экология ва ҳифзи муҳити зист” шунавандагон барои ошно шудан бо ташаббусҳои экологӣ ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд.

Бо мувофиқати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи он сармуҳаррири нашрияи “Инсон ва табиат” Ҷамолиддин Ёқубов шунавандагон ба шаҳри Турсунзода сафари омӯзишӣ намуда, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо роҳбарии Эҳсонзода Мусулмон бо ташаббусҳои экологии амалишаванда, аз ҷумла бо лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода” ва бо партовгоҳи замонавии шаҳри Турсунзода ошно шуданд. Партовгоҳи замонавии шаҳри Турсунзода ба маблағи 5,147 млн доллари ИМА бунёд шуда, яке аз лоиҳаҳои нодири экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ шунавандагон дар бораи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода” маълумот гирифтанд. Сармутахассиси КҲМЗ шаҳри Турсунзода Раҳмонзода Мурод оиди лоиҳаи мазкур ва таъсири мусбати он ба муҳити экологии шаҳр маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин, номзади илм, омӯзгори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Ёқубов оид ба моҳияти лоиҳаҳои мазкур ва таъсири мусбати онҳо ба муҳити зист ва вазъи экологии минтақа суханронӣ намуд.

Дар идомаи машғулият бо ташаббуси Марказҳои ҷамъиятии Орхус дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – Тоҷикистон” барои шунавандагон муҳимтарин самтҳои барномаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист шарҳ дода шуд. Каримов Алихон номзади илмҳои геология ва минералогия, директори Муассисаи давлатии илмӣ-истеҳсолии табиат оид ба барнома ва лоиҳаҳои вобаста ба экология ва ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон суханронӣ намуд.

Ҷамолиддин Ёқубов омӯзгори машғулият дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони Орхус аз конвенсия ва шартномаҳои байналмилалие, ки барои ҳифзи муҳити зист ва экология қабул шудаанд, маълумот дод. Мавсуф зикр намуд, ки мушкилоти экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳими имрӯзи ҷаҳон аст ва давлатҳо барои татбиқи ҳадаф ва уҳдадориҳои байналмилалиашон талош мекунанд. Ёдовар мешавем, ки машғулияти “Экология ва ҳифзи муҳити зист” аз 18 сентябр то 3 октябр идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.