АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СОҲАИ ИҚТИСОД ДАР САМТИ НИЗОМИ БОНКӢ
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои журналистони соҳаи иқтисод дар самти низоми бонкӣ ҷараён дошт, ки санаи 07 ноябр ҷамъбаст гардид.
Машғулиятро ҳамчун омӯзгор (тренер) номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кори бонкии ДМТ, Қодиров Акбар ба муҳаррирони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ гузаронид.
Омӯзгор ба иштирокчиёни машғулияти омӯзишӣ тарзи дуруст пешниҳод намудани мавзуҳои вобаста ба соҳаи иқтисодиёт дар самти низоми бонкро маълумот дода, оид ба асосҳои сиёсати молиявӣ, пайдоиш ва инкишофи кори бонкӣ, низоми бонкӣ ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши журналист ва фаъолияти ӯро дар ин самт ба таври муфассал зикр намуд.
Дар анҷоми машғулият ба 9 нафар иштирокчии фаъол сертификати Академияи ВАО супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки машғулият ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, 14 рӯз идома намуд.


