ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА
Имрӯз (15.10.24) дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолияти 9-моҳаи муассиса ва вазифаҳо барои 3-моҳаи ояндаи соли 2024 баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар Изатулло иштирок доштанд.
Ҷаласаро директори Академия Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ оғоз намуда, доир ба фаъолияти 9-моҳаи муассиса маълумот доданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Каримзода Ҳақназар Изатулло суханронӣ намуда, дар умум фаъолияти 9-моҳаи муассисаро хуб арзёбӣ намуд.