ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ ТАСВИРБАРДОРОН

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ҷалби мутахассиси соҳа машғулияти омӯзишии “Асосҳои маҳорати тасвирбардорӣ”-ро барои тавирбардорони шабакаҳои телевизионӣ баргузор кард.

         Дар машғулият 25 нафар аз кормандон (тасвирбардорон)-и шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ барои такмили донишҳои тахассусии худ ҷалб шуда, иштирок намуданд, ки дар ҷамъбаст ба ҳамаи онҳо сертификати Академияи ВАО тақдим гардид.

         Машғулиятро ба сифати омӯзгор (тренер) тасвирбардори дараҷаи олӣ, мудири шуъбаи наворбардорони “Телевизиони Тоҷикистон” Баҳодур Истамов гузаронд.

Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур давоми 5 рӯз (аз 20-ум то 24.01.25) идома карда, иштирокчиён мавзуҳои вобастаро назариявӣ ва амалӣ аз худ карданд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.